Дида равшан мешавад аз хати анбари ёр ӯ
Май баради занг аз дили ойӣнаҳо зангор ӯ
Ҷома фонӯс гардад пардаи шарму ҳаё
БрФрўзд аз шароби лаъл чун рухсор ӯ
Кӯҳи тамкинаши забони банди фиғон ҳо гашта аст
Барнаме ояд садо аз Кебек дар кҳсор ӯ
Аз хиромаши бас ки кайфият таровуш ме кунад
Нақши пои ратл гарон мегардад аз рафтор ӯ
Мо ба буи перҳан кардем чун ёқӯби сулҳ
Вақти чашмии хуш ки равшан гардад аз дидор ӯ
Бистари ором парвонааст хоби рӯзи шамъ
Вой бар он кас ки бедораст доими ёр ӯ
Ҳар ки дорад нолае , соиб дар он кӯ муҳаррам аст
Булбули хомӯшро раҳ нест дар гулзор ӯ