Хизр агар дар хоб бинад ханҷари мижгон ӯ

намешавад захми намоёни умри ҷовидон ӯ

Ҳасан шарм олуд ӯ зевар намегирад ба худ

Шабнами бегонаро раҳ нест дар бустон ӯ

Остин аз шох гул доранд доим бар даҳан

Ғунчаҳо аз шарми шикархандаи пинҳон ӯ

Ҳамчуи оби зиндагонии нимхўрд Хизр нест

Сар ба меҳр шарм бошад чашмаи ҳайвон ӯ

Наъли шабнамро зи барги лола бар оташ наад

Иштиёқи офтоби чеҳраи тобон ӯ

Доман аз дасти нигорин Зулайхо ме кашад

Моҳи Миср аз иштиёқи гӯшаи зиндон ӯ

Олимӣ чун гӯии гардун бесар ва по гашта анд

То киро аз хок бардорад хами чавгон ӯ

ХўдФрўшиҳош мешуд бо харидории бадал

Юсуфи мисрӣ агар май буд дар даврон ӯ

Аз хат шбрнг овардааст фурмонеи Рахш

То напечад ҳеҷ дил , сар аз хати фармон ӯ

Рӯзи маҳшарро ба осонӣ ба шаб ме оварад

Ҳар ки як шабро ба рӯз оварад дар ҳиҷрон ӯ

То чаҳ бошад мушти хоки ман , ки кӯҳи тавр ро

Дар фалохан мегузорад шухии ҷавлон ӯ

Соиб аз андешаи тартиби девон фориғ аст

Ҳар ки бошад синаи равшандилони девон ӯ