Ҷурми андакро набахшад раҳмат бисёр ту

Санг камро нест вазнӣ дар сари бозори ту

эй хироми оби ҳайвони гардаи рафтори ту

Рақси фонӯси фалак аз шуълаи дидори ту

Аз ғубори хати сабзати чашм равшан ме шавад

Май баради занг аз дили ойӣнаҳо зангори ту

Хати зи холу чашмат аз мижгон буд хунхортар

Оя раҳмат надорад мусҳафи рухсори ту

Аз шумор бе қаророни ту огаҳ нестам

Гули яке аз ғунча хусбонаст дар гулзори ту

Чашми хунхорат ба хӯни талхкомон ташна аст

Шарбат ширин намегирад ба лаби бемори ту

Сояи боли ҳуморо хат озодӣ диҳад

Бар сар ҳар кас ки уфтад сояи девори ту

Ҳар ғамати сармояи хушҳолии сад сола аст

Заъфаронӣ мекунад хору хаси гулзори ту

Дар фалохан мегузорад шавқи охири каъба ро

То ба кӣ бар дил гузорад даст бе дидори ту ?

Ҳамчуи доғ лола гардад каъба аз хӯни шикор

Теғ чун берун кунад мижгон бе зинҳори ту

Панҷаи шоҳини шуморади нақши боли хеш ро

Кебек аз баси дасту по гум кард аз рафтори ту

Осмони беҳудаи сар дар ҷайб фикрат бӯда аст

Чун туе бояд ки сари беруни барад аз кори ту

Ончунон бедор кун дилро ки чун навбат расад

Хокро бедордил созад дили бедори ту

Аз сувидои дили мо эй фалак ғофил машав

Бар сари ин нуқта ҷавлон мекунад паргори ту

Сарв май тарсам ки боли қамарёнро бишиканад

Сахт май печад ба худ аз ғайрати рафтори ту

Кист соиб то нагардад маҳв дар аввали нигоҳ ?

Шуд ду олами маҳв дар ойӣнаи рухсори ту