намечакад оби ҳаёт аз сабзаи зори хати ту

намешавад ҷони тоза аз сайри баҳори хати ту

Қитъаи ёқӯт афтодааст мардумро зи чашм

Ҳамчуи тақвими куҳан дар рӯзгори хати ту

Ончии гирди моҳи тобон май намояд ҳола нест

Ма ҳисорӣ гашта аз шарми ғубори хати ту

Чашм ҳасрат мешавад ҳар ҳалқа зон зулфи сиёҳ

Гар ба ин унвон шуд дилҳо шикори хати ту

Сунбули фирдавси резади хор дар пероҳанаш

Дида ҳар кас ки шуд ойӣнаи дори хати ту

Дар либоси куфр овардан ба имони халқ ро

Хатм шуд бар мусҳафи хати ғубори хати ту

Хондани фармони шоҳонро нисорӣ лозим аст

Чун насозам хурдаи ҷонро нисори хати ту ?

Оқибат бо дидаам кори ҷавоҳир серума кард

Гарчи чашмам шуд сифед аз интизори хати ту

Ёд кун моро ба пайғомӣ ки даҳ рӯз дигар

намешавад хоки фаромӯшони ғубори хати ту

Чун хати устод каз мондан шавад ҳасанаши зиёд

Беш шуд аз куҳнаи гаштани эътибори хати ту

Ҳалқаҳо дар гӯши хуршед дурахшон ме кашад

Гар баландии ин чунин гирад ғубори хати ту

намекунам бар ноМуродӣ бо камоли шавқи сабр

То шавад хоки муроди ман ғубори хати ту

Қисмати он зулфи соиб бо расое ҳо нашуд

Имтидодиро ки дорад гирудори хати ту