Аз парешоне наяндешад гадои зулфи ту

Умри ҷовидон буд камтари сахои зулфи ту

Маҳв гардад нуқтааш дар мади умри ҷовдон

Ҳар ки созад хурдаи ҷонро фидои зулфи ту

Риштаи ҷамъияти авроқ аз шероза аст

Ҳаст бар ошуфтагони воҷиби дуои зулфи ту

Брнагирад донаи тасбеҳи дилҳоро зи хок

Риштаи зуннори кофари моҷарои зулфи ту

Дар канори об ҳайвон уфтад аз мавҷи сароб

Аз ду олам бугзарад ҳар кас барои зулфи ту

Ҳар тараф чун нофаи сад хунини ҷигар афтода аст

То киро аз хок бардорад ҳавои зулфи ту

Ҳеҷ мағзӣ нест каз девонагӣ маъмур нест

Дар замони мади эҳсони расои зулфи ту

Коса дарюза созад нофро оҳӯии чин

То кунад бӯеи гадоӣ аз ҳавои зулфи ту

Дил ки меифшоанд доман бар абири перҳан

Хокбозӣ мекунад дар кӯчаҳои зулфи ту

Чун тавонам соиб аз фармон ӯ гардан кашид ?

Ман ки аз олам буридам аз барои зулфи ту