намешавад равшани чароғ аз чеҳраи рангини ту
Бимӣ аз куштан надорад шамъ бар болини ту
Мӯр ҳайҳотаст берун ояд аз дарёии шаҳд
Сабзаи хат чун баромад аз лаби ширини ту ?
Ҷои силии нақши бандад бар изори нозукат
Домани гули ҳамчуи шабнам гар шавад болини ту
Бар фалак аз ҳола оғӯш гардад ҷои танг
Бадар гардад аз саворӣ чун ҳилоли зини ту
Гарчи мстри монеъ аз ҷавлон нагардад хома ро
Хушк мегардад нигоҳ аз ҷабҳаи парчини ту
Оҷиз аз нашав ва намо гаштааст чун рагҳои санг
Сабзаи умеди мо аз пилаи тамкини ту
Мӯр аз иқбол сулаймон мешавад ширини сухан
Бол шӯҳрат медиҳад гуфторро таҳсини ту
Рутбаи фикри турои соиб урӯҷ дигараст
намекунад таҳсини худ ҳар кас кунад таҳсини ту