Гарчи шуд аз сарнавишти ман нигорин пои ту
Зери пой худ надид аз саркашии болои ту
Ман чисони дилро ънондорӣ кунам ҷое ки ҳаст
Кӯҳи тавр аз ваҳшёни домани саҳрои ту
Гарчи натавон ёфт медонам ба ҷусту ҷӯи туро
Май барам ғайрат ба ҳар кас мешавад ҷӯёии ту
Нест мумкин барнадорад сояи худро зи хок
Саркаш афтодааст аз баси қомати раънои ту
Ашк чун парвона мегардад ба гирд ӯ мудом
Дида ҳар кас ки равшани гашт аз симои ту
Аз тағофул мекунад хӯн дар ҷигари ойӣна ро
Кӣ ғам ушшоқ дорад ҳасан бе пурвои ту ?
Чашми оҳӯ гарчи бозигӯшу шӯх афтода аст
Парда хобаст пеши наргис гуёӣ ту
Бе таъаммули нақди ҷони соиб ба поят ме фишонд
Зери пои худ агар медид истиғнои ту