эй баҳори офариниши гардаи симои ту

Риштаи ҷонҳо хасу хошок аз дарёии ту

Ҷӯии хӯн аз дида хуршед месозад равон

Чеҳраи хок аз фурӯғи лолаи ҳмрои ту

Хок то гардани миёни об пинҳон гашта аст

Бас ки май сӯзади дилаш аз оташи савдои ту

Доман бетоқатонро хок натавонад гирифт

Чун шарар аз санг меояд буруни ҷӯёии ту

Гавҳари дилҳо зи гулзори ту ақд шабнамӣ аст

Риштаи ҷонҳо раг абрӣаст аз дарёии ту

Хок шуд бедор аз хоби гарони нестӣ

Аз арақи афшонии рухсори ҷони афзои ту

Теғ агар борад ба фарқаш , ҳамчунон осӯда аст

Бас ки ҳайронаст соиб дар рухи зебои ту