эй қиёмати пеши хези қомати раънои ту

Фитнаи охири замони таҳи ҷуръаи саҳбои ту

Нест холии як сари мӯии ту аз савдои ту

Пеш якдигар назарбозанд сар то пои ту

Дар таҳи хокистари қамарӣ ниҳон гардӣда анд

Сарвҳо аз инфеъоли қомати раънои ту

Пардаҳои дидааш пероҳан Юсуф шавад

Ҳар ки як шабро ба рӯз оварад дар савдои ту

Маънии равшан буд дар лафзҳои длФриб

Дар таҳи зангори хати ойӣнаи симои ту

Зуд бошад ашки талхаши нақл мҳлФҳо шавад

Ҳар киро уфтад назар бар лаъли шкрхои ту

Дар ғубори хотири маҷнӯн ҳисорӣ гашта аст

Дидаи оҳӯи зи шарми наргиси Шаҳлои ту

Нозанинтар май шӯй ҳар рӯз аз рӯз дигар

Нози чандоне ки май резади зи сар то пои ту

Баргрезонаст дар кӯии ту айёми баҳор

Бас ки май резади дил аз назораи болои ту

Зери пои сарв афтодааст чун занҷири об

На фалак дар пояи миъроҷи истиғнои ту

Чун ғурури хусравон аз гирд лашкар шуд зиёд

Аз ғубори хати ғурури ҳасан бе пурвои ту

Ҳайрати рӯят савобат мекунад сайёра ро

Чун арақи дили зуд барме дорад аз симои ту ?

Ошиқонро сахтии айёми санг роҳ нест

Чун шарар аз санг меояд буруни ҷӯёии ту

намекашад дар гӯши сарв аз тавқи қамарии ҳалқа ҳо

Дар гулистонӣ ки гардад ҷилвагар болои ту

намешавад соиби бисоти ҷавҳарӣ рӯй замин

Гар чунин гавҳар ба соҳили афканди дарёии ту