Бас ки тундӣ кард бо пҳлўншинони хуии ту

Теғ меларзад чу барги бед дар паҳлавии ту !

Нусхаи ҳасани ту зи ҳарфи мукаррар сода аст

Печу тоб хос дорад чун камар ҳар мӯии ту

Тухми қобил дар замини пок , гавҳар ме шавад

Дона ёқӯт месозад арақро рӯй ту

Аз ҳаё рӯй тугар берун наёяд аз ниқоб

Даври гардонро ба матлаб май расонади буии ту

Нохун алмос мегардад ба чашмаши моҳи ид

Дида ҳар кас ки афтодааст бар абрӯии ту

Сайл безинҳор чун гирдоб мегардад гиреҳ

Бас ки афтодааст домангири хоки кӯии ту

Тавқи қамарии сарвро гардид тавқи бандагӣ

То ба сайр гулшан омад қомати дилҷӯии ту

Чун ҳино каз рафтан Ҳиндӯстон гардад сиёҳ

Хӯни дилҳо машк шуд дар ҳалқаи гесуии ту

Май шуморади дидаи сайёд , доғи лола ро

Бас ки ваҳшат дорад аз назорагии оҳӯии ту

намешавад ҳар шуълааш ангушти зинҳор дигар

Оташи сӯзон агар гардад тараф бо хуии ту

Чун гуҳар ҳар чанд паҳлавии ту чарб афтода аст

Ранҷ боякаст ризқи ришта аз паҳлавии ту

Шамъҳо сар дар гиребон хамӯшӣ май кашанд

БрФрўзд аз шароби оташин чун рӯй ту

Он қадрҳо маст ва бе бокӣ ки хӯни ошиқон

намешавад оби хумори наргиси ҷодӯии ту

Ман ки номаҳрами шуморами дидаи ойӣна ро

Чун тавонам булҳавасро дид ҳмзонўии ту ?

Гул фитад дар дидааш аз дидани хуршеду моҳ

Чашми соиб ошно гардид то бо рӯй ту