Тлхрў аз ҳар насими саҳл чун дарё машав

Теғ агар чун мавҷи борад бар сарат аз ҷо машав

Офат шӯҳрат надорад хилват дар анҷуман

Баҳри шӯҳрати гӯшаи гир аз халқ чун анқо машав

Бар рух ҳар кас ки накушояд азуи дил чун насим

Дар гулистони ҷаҳон чун ғунчаи гул во машав

Мавҷи дарёро ҳиҷоб дидан соҳил макун

Дар миёни кори дунёи ғофил аз уқбо машав

наме тавон то гашти боғи длгшои атфол ро

Ҳамчуи маҷнӯни гирдбоди доман саҳро машав

Чун ба эҳсон ме тавон озодагонро банда кард

Аз бахилии бандаи симу зар дунё машав

Давлат аз даст дуо дорад ҳисори офият

Дар бузургии ғофил аз дарюза дилҳо машав

Қатра дар гавҳари зи мавҷи инқилоб осӯда аст

Марди тӯфони ҳаводиси нестӣ дарё машав

Риштаи Марям чаҳ бошад то з ҳам натавон гусехт ?

Пои банди риштаи омол чун исо машав

Соиб аз шабгири роҳи давр кӯтаҳ ме шавад

Пои хоби олӯдаи ин доман саҳро машав