Дар куҳансолии зи марги ногаҳон ғофил машав
Барг чун шуд зард аз боди хазон ғофил машав
Амн натавон зист аз иқболу идбори фалак
Аз дами шамшер ва аз пушти камон ғофил машав
Аз чароғӣ метавон афрӯхт чандини шамъ ро
Давлатӣ чун рӯдаад аз дӯстон ғофил машав
То дар айёми хазони баргу навоеи бошиддат
Дар баҳор аз булбулон эй боғбон ғофил машав
Барг аз андаки насимии дасту по гум ме кунад
То нафас боқӣаст аз поси забон ғофил машав
Дидӣ аз ихвон чаҳ пеш омад азизи Миср ро
Зинҳор аз макри ихвони замон ғофил машав
Ҳар куҷо чун шамъи гарми маҳфили орои шӯй
Аз даҳони газ эй оташи забон ғофил машав
То забони шукри ҷой сабза бошад ҳосилат
Аз замини ташна , эй оби равон ғофил машав
Нобаҷо набӯд сухан , магушо лаби гуфтори хеш
Аз ҳадаф чун тир дар баҳри камон ғофил машав
Барнадорад давлати бедори ғифлат , зинҳор
Дар канори бом аз хоби гарон ғофил машав
Ришта ҳастӣ ба қадар фикр мегардад баланд
Соиб аз таҳсили умри ҷовдон ғофил машав