Баҳори офаринишро нигорӣ нест ғайр аз ту
Нигор ин гулистонро баҳорӣ нест ғайр аз ту
Баҳорӣ ҳаст дар ҳар соли мурғони гулистон ро
Маро дар чори мавсим навбаҳорӣ нест ғайр аз ту
Ба зоҳир гарчи ҳар мавҷии Аннани сайр худ дорад
Ба дасти каси Аннан ихтиёрӣ нест ғайр аз ту
Ба худ машғӯл кун аз офариниши чашми ҳайрон ро
Ки ин фитрокро лоиқ шикорӣ нест ғайр аз ту
Ба фонӯси ҳимояти шамъи моро парда дорӣ кун
Ки ин нури парешонро ҳисорӣ нест ғайр аз ту
Замини гир фано магузор гирд ҳастӣ мо ро
Ба шукри ин ки дар майдон саворӣ нест ғайр аз ту
Макун мо ноқисонро ёрб аз санги маҳаки расво
Ки ин на бутаро комил айёрӣ нест ғайр аз ту
Чаро чун хор дар домони мавҷӣ ҳар дами овезам ?
Чу баҳри офаринишро канорӣ нест ғайр аз ту
Бигардон рӯй дил аз ҳар чаҳ ғайр туаст дар олам
Ки ин ойӣнаро ойӣна дорӣ нест ғайр аз ту
Нигаҳи дор аз ҳавоҳои мухолифи ҷони нолон ро
Ки ин беморро бимордорӣ нест ғайр аз ту
Марви зинҳор эй пайкони ёр аз синаам берун
Ки аз дили ошиқонро ёдгорӣ нест ғайр аз ту
Ба раҳмати сабзи гардони донаи умеди соиб ро
Ки ин бебаргро боғ ва баҳорӣ нест ғайр аз ту