Зиҳии гардуни каф бемағзӣ аз дарёии ошиқи ту
Ду олами як гиребони чок аз савдои ишқи ту
зи шарм нокасе чун ашк май ғалатад ба хоку хӯн
Сари хуршеди ъолмтоби зери пои ишқи ту
Дарин роҳ ба дили наздик , гумроҳӣ наме бошад
Ки ҷои сабзаи хезади Хизр аз саҳрои ишқи ту
зи кӯтоҳӣ хиҷолат мекашад бо он расое ҳо
Қабои атласи афлок бар болои ишқи ту
зи хуршеди қиёмати об дар чашмаш наме гардад
Диҳад ҳар кас ки чашмии об аз симои ишқи ту
Шавад ҳар порааш мҳпораҳ эй дарёнавардон ро
Ҳар он киштӣ ки гардад ғарқаи дарёии ишқи ту
Чу хуршеди қиёмат гарм месозад ҷаҳонӣ ро
Сар ҳар кас ки грддгрм аз саҳбои ишқи ту
Ба дил дорад чу умри ҷовдон захм намойоне
Дарин ҳангомаи Хизр аз теғи истиғнои ишқи ту
Чаҳ бошад дил , ки кард аз шухии ин сақфи муъаллақ ро
Мушаббаки ҳамчуи миҷмари шуълаи раънои ишқи ту
намегирад ба худ хокистараши шерозаи маҳшар
Ба ҳар хирман ки уфтад барқ бе пурвои ишқи ту
Ба асрори ҳақиқат чун лаб Мансур шуд гуё
Лаби ҷом аз май мансӯрии минои ишқи ту
Фурӯғи меҳри тобони зарраро дар ваҷд май орад
Вагарна кист соиб то шавад ҷӯёии ишқи ту