Надорад ихтиёр дар гушӯдани боғбони ту

Ки дарро май кушояди ҷӯши гул дар гулистони ту

зи абрӯӣ ту дорад ҳар сари мӯи шухии мижгон

Пар симурғ бахшад тир бепарро камони ту

зи манъами косаи ҳамсояи холӣ барнаме гардад

Қадаҳи лабрези баргардади зи лаъл май чикони ту

Ҷаҳд аз тавқи қамарии сарв чун тир аз камони берун

Ба ҳар гулшан ки гардад ҷилвагар сарви равони ту

Сухани чандон ки худро чун алиф борӣк ме созад

Ба душворӣ бурун ояд аз танги даҳони ту

намедорад ба зӯдии риштаи ҳамтоби даст аз ҳам

Раги ҷонро гусастан нест аз мӯии миёни ту

Азон аз дидани хуршед дар чашм об ме гардад

Ки молидаааст рӯй зарди худ бар остони ту

Ба бе баррагони чунон эй шохи гули мастона май хндӣ

Ки дар хоб баҳоронаст пиндории хазони ту

намегардад забони ҷуръати ман , варна ме гуфтам

Ки ҷои бӯсаи пар холӣаст дар кунҷи даҳони ту !

Ту ҷавлон мекунӣ аз саркашӣ дар авҷи истиғно

Куҷо уфтад ба дасти кӯтаҳи соиби Аннани ту ?