На хатаст ин ки дамид аз лаби ҷонпарвар ту

Ки ба дили бурдани мо басти камари шукри ту

Дили ду нимаст зи лаъли лаби ҷонпарвар ту

Бозмондааст даҳони садаф аз гавҳари ту

намечакад бас ки май аз лаъл меолуд туро

Тиҳӣ аз бода ба хӯрдан нашавад соғари ту

Пардаи шарм азон чеҳра нўхт бурдор

Чанд бошад чу зираи зери қабои ҷавҳари ту ?

Умри ҷовид ба нзоргён ме бахшад

Ҳар ки чун зулфи шабӣ рӯз кунад дар бар ту

Май пурди чашми ҷаҳон дар талабаш чун маи ид

То киро чашм фитад бар камари лоғари ту

То ба домони қиёмати гули азу май резад

Даст ҳар кас ки шабӣ монад ба зери сари ту

Гардан санг шавад нарми зи парвонаи азл

Сахт тар шуд зи хати сабзи дили кофари ту

Роҳ чун хонаи дарбаста дар ӯ натавон ёфт

Гарчи чун оина бозаст ба олам дар ту

Лаби захми ману изҳори шикоят , ҳайҳот

Ки гушӯдааст бағал дар ҳаваси ханҷари ту

Ин ғазали он ғазали хоҷа сенаеаст ки гуфт

Ханда гарӣанд ҳамеи сӯхтагон дар бар ту