Чашмро хира кунад партави зебои ту

Ман ва аз даври тамошои тамошоеи ту

Дар риёзӣ ки ту бошӣ , ба назар ме ояд

Сарв чун сабзаи хобидаи зи раъноеи ту

Соя набӯд зи латофати қади раънои туро

Нест як сарви дарин боғ ба яктоеи ту

Ҳаргиз аз шарм дар ойӣна надидӣ худ ро

Юсуфӣ нест дарин Миср ба танҳои ту

Аз нигоҳӣ ки ба дунбол кунад машк шавад

Хӯн ба ҳар дил ки кунад оҳӯии саҳройии ту

Бар сари мансаби парвона чаҳ хӯнҳо ме шуд

Шамъ медошт агар анҷумани орои ту

Сари басари Зуҳраи ҷабинони ҷаҳон чун анҷум

Маҳв дар қулзум нуранд зи пайдоеи ту

Тӯтӣиро ки ба ширин суханӣ машҳураст

Ғӯта дар заҳр диҳад ғайрат гуёе ту

намекунад холи лаби чашмаи кавсари ризвон

Гар ба фирдавс равад ошиқи савдоеи ту

Мӯ ба мӯ чун мижаи аҳволи маро май доне

Нашавад хоби гарони пардаи бенаии ту

Соиб аз шарм надидӣ рух ӯро ҳаргиз

Як назар боз надидам ба шикебеи ту