эй дили ғофил аз асбоби ҷаҳон даст башу
Аз саботи қадами реги равон даст башу
Ҳамчуи авроқи хазони по ба рикобаст ҳавос
Аз вафодории авроқи хазон даст башу
То ба он кони малоҳати намакӣ тоза кунӣ
Аввал аз моидаҳ бенамакон даст башу
Даст агар аз худӣ худ натавонӣ шустан
Мушти обӣ ба кафи ор аз дгарон даст башу
Тухм чун сӯхт барӯманд нагардад ҳаргиз
Бирав эй ақли азин сӯхтаи ҷон даст башу
Он қадр бош дарин бута ки дил об шавад
Об чун шуд дилат аз ҳар ду ҷаҳон даст башу
Пештар зон ки бишӯйанд ба хӯни рухсорат
Доғ бар дил на , азин лолаи рухон даст башу
То ба ширини ҷаҳон чун шукру шери шӯй
Кӯҳкани вори зи ширинии ҷон даст башу
Ҳаст то дар ҷигар аз ашки надомати обӣ
Соиб аз домани абнои замон даст башу