Биё ки сӯхти марои ҳиҷр бе муруввати ту

Кабоб кард марои дарду доғи фурқати ту

Азин зиёда таваққуф макун ки наздик аст

Ки ҷони ман сафарӣ гардад аз иқомати ту

Ҳар ончӣ меравад аз дидагар з дил баравад

Чаро зиёдаи з даврӣ шавад муҳаббати ту ?

Зами суҳбати ту ман аз умр комёб шудам

Кунам чигуна фаромӯш , ҳақи суҳбати ту ?

Расида буд ба лаби ҷони ҳҷрдидаҳи ман

Гирифт домани ҷонро умеди раҷъати ту

Чу гиряи бодаи гиреҳ дар гулӯии шиша шуда аст

зи бас ки ҳаст гаулӯгири дарди фурқати ту

зи ҳарфи сард маломатгарон наяндешад

Сиррӣ ки гарм шуд аз бодаи муҳаббати ту

Дарозтар зи шаби ҳиҷр , номае бояд

Ки хома шарҳ диҳад шавқ бе ниҳояти ту

Ман он замон чу қалами сари з саҷда бурдорам

Ки тай чу нома шавад рӯзгори фурқати ту

Чу гӯй дар хами чавгон ҳодисот уфтад

Сиррӣ ки давр шавад аз рикоби давлати ту

зи ҳукми теғи қазои сар наме тавон печид

Вагарна кист ҷудоӣ кунад зи ҳазрати ту

Забони зи ӯҳдаи тақрир барнаме ояд

Агар хамӯш буд соиб аз шикояти ту