Забон чу писта шавад сабз дар даҳан бе ту
Гиреҳ чу нуқта шавад риштаи сухан бе ту
Нафаси гусаста чу тирӣ ки аз камон биҷаҳад
Буруни зи хонаи дӯди шамъи анҷуман бе ту
Садафи зи даврии гавҳар , чамани з рафтани гул
Чунон ба хок баробар нашуд ки ман бе ту
Биёу сулҳи даҳ ин ҳамдамони дерин ро
Ки ҳамчуи равған ва обанд ҷону тан бе ту
Ту то бурун шудае аз чаман , зи лолау гул
Ҳазор коса хӯн мехӯрд чаман бе ту
Дигар чаҳ тарафи зи айём ме тавон бастан ?
Ки субҳ ид кунад ҷилваи кафан бе ту
Шавад зи шишаи холии хумор май афзӯн
Ғубор дида фазояд зи перҳан бе ту
Куҷо расад ба ту пайғоми нотавонии ман ?
Ки то расӣдани лаб , хӯн шавад сухан бе ту
Ту рафтае ба ғарибӣ ва аз парешоне
Шудааст шоми ғарибони марои ватан бе ту
Табассуми ту буд боғи длгшои чаман
Чу ғунчаи сар ба гиребон кашад чаман бе ту
Ба рӯй гарми ту эй навбаҳори ҳасани қисм
Ки шуд фусурдаи дили соиб аз сухан бе ту