зи ман шикеб ба қадари дил фигор биҷӯ

Ба ман дилӣ бинмо баъд азон қарор биҷӯ

Маро ба марги зи кӯии ту пой рафтан нест

Ғубори ман ба сари роҳ интизор биҷӯ

Шикастагии талабам , аз миён агар биравам

Маро ба силсилаи зулфи он нигор биҷӯ

ГҳрФшонии абр сиёҳ машҳураст

Мурод дар дили шаб эй сиёҳ кор биҷӯ

Чу даври ман басар ояд зи гардиши даврон

Маро ба ҳалқаи он чашм пурхумор биҷӯ

Дилӣ ки доштӣ эй ҷон шудааст ҳар ҷое

Дил дигар з барои тан фигор биҷӯ

Накарда гиряи таманнои бахт сабз макун

Бирез донаи худ дар замин , баҳор биҷӯ

Ба имтиҳон бикаш аз реги равғани бодом

Дигар муруввати азин аҳл рӯзгор биҷӯ

Чаҳ зарра бе сарви пои шӯи дарин ҷаҳони соиб

Дигар ба ҳазрати хуршеди ишқ бор биҷӯ