Чу аз ту дидау дил комёб шуд ҳар ду
Марои азин чаҳ ки олам хароб шуд ҳар ду ?
Ду мисрааст ду зулф ки аз баёзи ориз ӯ
Ки баҳри машқи ҷунун интихоб шуд ҳар ду
Фиғон ки ҷавҳари шамшери ёру мӯии миён
Яке ба куштанам аз печ ва тоб шуд ҳар ду
Мадори дасти зи домони дил ки каъбау дайр
зи сайли ишқи мукаррар хароб шуд ҳар ду
Марои зи дидау дил буд чашми бедорӣ
Ба як фасонаи ғифлат ба хоб шуд ҳар ду
Дареғу дард ки исёни моу тоъати мо
Яке шимурда ба рӯз ҳисоб шуд ҳар ду
Макун мулоҳиза аз мардумон ки дидаи ман
Тиҳӣ чу ҳалқаи чашм рикоб шуд ҳар ду
Чаҳ тарафи бастам азон рӯй оташини соиб ?
Ҷузи ин ки чашму дили ман пар об шуд ҳар ду