Шуд хати мшкбори аён аз изор ӯ
Ҷўҳрнмо шуд оина беғубор ӯ
Фурсат камаст давлати по дар рикоб ро
Ғофил машав зи даври хати мшкбор ӯ
Аз печу тоб ҳалқа кунад номи офтоб
Хаттӣ ки гаштааст ба гирди изор ӯ
Дар чорФсли сабзаи хати ту тоза аст
Мавқуф вақт нест чу анбари баҳор ӯ
Оҳ аз ғурури ҳасан ки дар рӯзгори хат
Дар хоб ноз мегузарад рӯзгор ӯ
Барги хазони расидаи шуморади Суҳайл ро
Ҳайронии ақиқи лаби обдор ӯ
Домани зи суҳбати гул бехор ме кашад
Дар ҳар дилӣ ки реша кунад хорхор ӯ
Чун зулфи даст дар камари айш ҳалқа кард
Ҳар кас ки рӯз кард шабӣ дар канор ӯ
Холӣ намешавад з май лаълии соғараш
Чун лола ҳар дилӣ ки буд доғдор ӯ
Он сӯхтааст ишқ ки созад яке ҳазор
Ҳар хурдаи шарар ки кунад ҷони нисор ӯ
Соиби ҳамин на доғи рухи лола ранг ӯст
Бедоғ нагзарад касе аз лолаи зор ӯ