Чун сар занад зи машриқи зини офтоби ту
Сад шохи гул пиёда равад дар рикоби ту
Дар пардаи ҳарфи гӯй ки тбхол бе адаб
Дандон нагирад аз лаби ҳозрҷўоби ту
Фардо ки субҳ ҳашар занад чоки перҳан
Даст манасту домани банди ниқоби ту
Бар ваъдаҳои пучи ту мо бастаем дил
Хуштар буд зи чашмаи кавсари ҳубоби ту
Имрӯзи бози хӯн ки помол кардае ?
Хӯн мечакад зи ҳалқаи чашми рикоби ту
Тъўизи чини ҳамоили абрӯ чаҳ мекунӣ ?
Ҳасани туро басаст нигаҳбони ҳиҷоби ту
Соиб ҳануз аввали ҷӯш табиат аст
Афсурдатар зи шеб чаро шуд шабоби ту ?