Аз аҳли ҳақ агар назарӣ ёфтӣ бигӯ

Бе хӯни дил агар гуҳарӣ ёфтӣ бигӯ

Аз тўтёии аҳли назари хок муфлис аст

Зини тўтё агар қадре ёфтӣ бигӯ

Аз риштаи вуҷӯди сиррӣ мо наёфтем

эй мӯшикоф агар ту сиррӣ ёфтӣ бигӯ

Мо дар ҳавои софи қамарро наёфтем

Ту зери абр агар қамарӣ ёфтӣ бигӯ

Ҷузи наъли вожгӯнаи дарин дашти пурфиреб

Аз роҳбар агар асарӣ ёфтӣ бигӯ

Дар пардаи ҳубоб ба ҷузи об ҳеҷ нест

Ту шӯхи чашм агар дгарӣ ёфтӣ бигӯ

Онон ки ёфтанд хабар бехабар шуданд

эй бехабар агар хабарӣ ёфтӣ бигӯ

Мо аз чаман ба барги хазон дида сохтем

Чун ғунчагар ту мушт зарӣ ёфтӣ бигӯ

Гум кардаем мо сару по дар муҳӣти ишқ

Зини баҳр агар ту по ва сиррӣ ёфтӣ бигӯ

эй зарра дар саросари бозори коинот

Ҷузи офтоби дида варӣ ёфтӣ бигӯ

Зини тираи хокдон ба хиёбони боғи хулд

Ғайр аз шикофи сина дарӣ ёфтӣ бигӯ

Дар ҳалқаи вуҷӯд ки гирдоб фитна аст

Ҷузи чашми ёри фитна гарӣ ёфтӣ бигӯ

Маргаст чораи зиндагии ногувор ро

Ҷузи марг агар ту чора гарӣ ёфтӣ бигӯ

Ғайр аз фикандани сипари ӣнҷо силаҳ нест

Ту ғайри азин агар сипарӣ ёфтӣ бигӯ

Ҷузи ҳасрату надомату афсӯс бе шумор

Аз зиндагӣ агар самарӣ ёфтӣ бигӯ

Ғайр аз дили гиромии дрёкшони ишқ

Дар на садаф агар гуҳарӣ ёфтӣ бигӯ

Савганд май даҳум ба сари зулфи худ туро

Каз ман агар шикаста тарӣ ёфтӣ бигӯ

Ин он ғазал ки қосим анвор гуфта аст

Аз сари кор агар хабарӣ ёфтӣ бигӯ