Хомаш гуё буд чашми сухангӯии ту

Нуқтаи бисми аллоҳаст хол бар абрӯии ту

Холи сияҳи фоми ту маркази ваҳдат буд

Доира касратаст силсилаи мӯии ту

Наъл дар оташ наад бар варақи барги гул

Шабнами осӯдаро шавқи гул рӯй ту

Панҷа марҷон кунад шонаи шамшод ро

Аз дил хӯн гаштагон силсилаи мӯии ту

Атса парешон кунад мағзи ғизолони чин

Гар ба хто бугзарад накҳати гесуии ту

Пардаи гӯши маро чун варақ лола кард

Аз сухани оташини лаъли сухангӯии ту

Гар набарди шамъи пеши партави рухсораи ?ут

Шона кунад роҳи гум дар хами гесуии ту

Пардаи бегонагӣ чанд буд дар миён ?

Сӯхтам , аз ҷайби гул чанд кашами буии ту ?

То асар аз моҳи нав бар варақ чарх ҳаст

Қиблаи соиб буд гӯшаи абрӯии ту