Булҳавас аз хати назари пӯшед зон рӯй чу моҳ

Хат ба чашм бесаводон мекунад олами сиёҳ

Гуфтам аз хати хорхори ишқи ман камтар шавад

Шуд хаташи доми тамошоӣ дигар баҳри нигоҳ

Аз ғубори хати яке сад гашти печу тоби зулф

Шуд илми ангушти зинҳории зи гирди ин сипоҳ

Васф кардам то ба моҳи он чеҳраро аз содагӣ

Аз замин то осмони мамнӯн ман гардид моҳ !

Бар гувоҳони либосӣ гарчи набӯд эътимод

Моҳи канъонро буд баси чоки пероҳани гувоҳ

Тан ба имдоди хасисони дрмдаҳ чун моҳи Миср

КоФкннд аз қимати нозили турои дигар ба чоҳ

Бар сбкрўҳон гаронӣ мекунад андаки ғамӣ

Лангар парвоз гардад дидаҳоро барги коҳ

Ҳар ки бар ҳарфам наад ангушт , резади хӯни хеш

Кушта гардад мори кҷрў чун гузорад по ба роҳ

Даст бе резиши фақиронро вабол гардан аст

Абр беборон кунад дилҳои равшанро сиёҳ

Дар бало бӯдан буд соиб ба аз бими бало

Аз ҳаво гирад хамӯширо чароғи субҳгоҳ