Ҳасанро аз чашми бади шарм ва ҳаё дорад нигоҳ
Шамъро фонӯс аз бод сабо дорад нигоҳ
Аз таваккул метавон омад саломат бар канор
Киштии моро худо аз нохудо дорад нигоҳ
Шамъи давлатро зи дасти афшонии субҳи завол
Дар паноҳи худ магари даст дуо дорад нигоҳ
Чун гусаст аз риштаи сӯзан , зуди худро гум кунад
Шӯхи чашмонро нигаҳбон аз хато дорад нигоҳ
Барқро дар даст худ набӯд Аннани ихтиёр
Ҳасан ҳайҳотаст худро аз ҷафо дорад нигоҳ
Коҳ меояд ба дунболаш чу гандуми синаи чок
Гар Аннани ҷазбаи худ каҳрабо дорад нигоҳ
Тир бепарро камоли болу пар ҷавлон шавад
Чун Аннани умрро қад дўто дорад нигоҳ ?
Рози ишқи парда дар аз гуфтугӯ гул ме кунад
Буии гулро дар гиребон чун сабо дорад нигоҳ ?
Аз ҳўснокон кунад парҳез , чашми шармгин
Ҳамчуи беморӣ ки худро аз ҳаво дорад нигоҳ
Ҳамчуи мурғи дом беш аз дона меоем ба кор
Аз гирифторон агар зулфаш маро дорад нигоҳ
Кӯҳро сҳронўрди он ҷилва мастона кард
Дар раҳи сайл баҳорон кист ҷо дорад нигоҳ ?
Пеши ин сайлобро иқбол натавонад гирифт
Домани давлати магари даст дуо дорад нигоҳ
Дил чу савдое шавад дар тан намегирад қарор
Нофаро чун нофи оҳӯӣ хто дорад нигоҳ ?
Луқма бе устихони пеши сегон май афканд
Он ки муштии устихонро аз ҳумо дорад нигоҳ
Дил набозад ҳар киро бошад силаҳӣ аз салоҳ
Пеши чандини саф ба ҷуръат муқтадо дорад нигоҳ
Май занам бар кӯчаи бегонагии девонаи вор
Кист соиби поси чандин ошно дорад нигоҳ ?