Аз мазори аҳли ҳақи ҷузи давлат уқбо махоҳ

Зинҳор аз тарки дунёи кардагон дунё махоҳ

Обрӯ чун ҷамъ шуд дарёӣ гавҳар ме шавад

Ҳифзи об рӯй худ кун гавҳар аз дарё махоҳ

Неши миннатро ба заҳри ҷонгзо парварда анд

Сабр кун бар захми хору сӯзан аз исо махоҳ

Сӯрат дебост , бошад ҳар ки дарбанди либос

Ҳуш агар дории шуъӯр аз сӯрат дебо махоҳ

Мардуми афтодаро астодгон гиранд даст

Сарфарозиро ба ғайр аз олам боло махоҳ

Дил чу равшани гашт соиб мешавад равшани ҳавос

Аз худои хеши чизеи ҷузи дил бино махоҳ