Аз сари ушшоқ дар зери фалак сомон махоҳ

Ихтиёр аз гӯии оҷиз дар хам чавгон махоҳ

Аз ҷаҳон бевафо бо тлхрўиӣ сулҳ кун

Нақши Юсуф бар дарави девори ин зиндон махоҳ

Сддрстии шишагарро дар шикаст шиша ҳаст

Гар дилатро ишқи барҳами бишиканад товон махоҳ

Марг бе миннати гуворотар зи об зиндагӣ аст

Зинҳор аз оби ҳайвони умр ҷовидон махоҳ

Хонаи ободи пеши пои сайл афтода аст

Хотири маъмури ҷуз дар хона вайрон махоҳ

Ҷузи ҷавоби хушк , мавҷӣ нест дар баҳри сароб

Мади эҳсон зинҳор аз дафтар даврон махоҳ

Нест баҳри неъмат бе хоҳиши ҳақро канор

Чун садафгар лаби гушойии ҳеҷ ҷуз дандон махоҳ

Шарми дор аз ҳақ , мабар соиби ниёзи худ ба халқ

Бар сар хон сулаймони дона аз мӯрон махоҳ