Дар гулӯем ашк рангоранг мегардад гиреҳ

Корвон дар роҳҳои танг мегардад гиреҳ

Нест оғӯши фалохани ҷои ланги санг ро

Дар сари маҷнӯни куҷо фарҳанг мегардад гиреҳ ?

Аз таровуши захм агар монеъ шавад хуноб ро

Шикваи ҳам дар синаҳои танг мегардад гиреҳ

Баъди умрӣ чун садафгар қатра обӣ хӯрам

Дар гулӯӣ ташнаам чун санг мегардад гиреҳ

Дар биёбоне ки ман чун гирдбод афтода ам

Роҳ май печад ба худ , фарсанг мегардад гиреҳ

Наъра аз мисатон таровуш мекунад бе ихтиёр

Нағма кӣ дар сози сайр оҳанг мегардад гиреҳ ?

Дар камон пайваста меояд маро бар санги тир

Дар даҳони ҳарфи ман дилтанг мегардад гиреҳ

Лангари тоқати ҳарифи хурда асрор нест

Ин шарори шӯх кӣ дар санг мегардад гиреҳ ?

Печу тобии мӯии отшдидаҳро лозим буд

Грдрўиш зон хат шбрнг мегардад гиреҳ

Аз дили хўнгрми ман доман кашӣдан мушкил аст

Нақш бар ойӣнаам чун занг мегардад гиреҳ

Мурғро дар байзаи болу пар гушӯдан мушкил аст

Фикри соиб дар замин танг мегардад гиреҳ