Бар дили арбоби ҳоҷати дасти худ безар манеҳ

Остини хушкро бар дидаҳои тар манеҳ

Давлати даҳ рӯзаи дунё буд нақшӣ бар об

Дил ба нақши мавҷ дар дарёӣ белангар манеҳ

Чашм бар роҳ ту дорад аз нигини дони тоҷи зар

Дил ба зиндони садафи зинҳор чун гавҳар манеҳ

Бистари ороми раҳрави домани манзил буд

То нагирӣ домани манзил ба болин сар манеҳ

Ҷуз дар дил нест умеди кушод аз ҳеҷ дар

То дар дил метавон зад даст бар ҳар дар манеҳ

То дар оташ ме тавон бӯдан , макун ёди биҳишт

Ҳаст то хӯни ҷигар , лаб бар лаб кавсар манеҳ

Нақди худро нася кардан нест кори оқилон

Бар замини пеши хасисони чеҳра чун зар манеҳ

То насозӣ қатраи худро дарин дарёи гуҳар

Дасти худро чун садаф бар рӯй якдигар манеҳ

Май ба рӯй тозаи рӯйони ншأаҳ дигар диҳад

Дар баҳорони соиб аз кафи шиша ва соғар манеҳ