Дили зи ғифлат чун хўдороён ба ранг ва бӯ манеҳ
Чун гул аз ҳар шабнамии ойӣна бар зону манеҳ
Номи худро кӯҳкан кард аз сбкдстии баланд
Дасти худ бар рӯй ҳам эй оҳанӣн бозу манеҳ
Бистари бегонаро ҳар тор , мори хуфта Эй аст
Ҷуз ба хок эй зодаи хоки сияҳ паҳлу манеҳ
Ҷавҳари бегонае ин теғро дар кор нест
Бандӣ аз чини ҷабин ҳар лаҳза бар абрӯ манеҳ
Барнаме дорад широкат , ҳасани якто омада аст
Чашм бигушо номи Лайлиро ба ҳар оҳӯ манеҳ
Булбулонро дил ба дастовар ба шикарханда Эй
Аз хиҷолати ғунчаи осои дасти худ бар рӯ манеҳ
Поси вақти суҳбати нозуки хаёлонро бидор
Беталаб дар хилвати арбоби маънӣ рӯ манеҳ
Набзи ҷонро нест ҷузи дасти масеҳои муҳаррамӣ
Шонае ғайр аз дили сдчок бар гесу манеҳ
Шермардонро камии соиби фузӯнӣ ҷуста анд
Рутбаи худро баробар бо саги он кӯ манеҳ