Аз дили савдоеи мо осмон рангаст кӯҳ
Аз ҳилоли тешаи мо оташин чангаст кӯҳ
Бас ки аз фарёди ман дар синааш печидаи дард
Бо фалак аз хушки мағзӣ бар сар ҷангаст кӯҳ
Ақлро оҷиз кунад кӯҳи ғам аз гарданкашӣ
Зери рони шаҳсавори ишқ шбрнгаст кӯҳ
Чархроносозӣ мо ин чунин носоз кард
Варна бо ҳар кас ки оҳангаст , оҳангаст кӯҳ
Бар ту аз сангини рикобии домани саҳро шуда аст
Варна бар сайли баҳорони сина тангаст кӯҳ
Чеҳраи кҳсори лаълӣ аз фурӯғ лола нест
Аз шарори тешаи мо оташин рангаст кӯҳ
Пеши кӯҳи дард мо бошад сабк чун барги коҳ
Варна дар мизон бедардон гаронсангаст кӯҳ
Пеши азингар нохун аз Фарҳод отшдст дошт
Ин замон аз тешаи мо оташин чангаст кӯҳ
Аз шикваи кӯҳкан чун санг Тифлон шуд сабк
Гарчи аз тамкини саропои ақл ва фарҳангаст кӯҳ
Бешуҷоат кор накушояд бузургонро ба ҳалам
Дар мақоми бурдбории теғ дар чангаст кӯҳ
Бехабар аз сӯрати аҳволи ҳасан ва ишқ нест
Гарчи чун ойӣнаи доим дар таҳ зангаст кӯҳ
Бодбони айшро чун абри бргрдўни расон
Аз фурӯғи лолаи чандоне ки гулрангаст кӯҳ
Нест соиби ҳеҷ каси маҳрӯм аз эҳсони ишқ
Гарчи аз саҳрост майдони соҳиб аврангаст кӯҳ