Ба соғар нақл кард аз хами шароби оҳистаи оҳиста

Баромад аз пас кӯҳи офтоби оҳистаи оҳиста

Фиреб рӯй отшнок ӯ хӯрдам , надонистам

Ки хоҳад хӯрд хӯнам чун кабоби оҳистаи оҳиста

зи бас дар пардаи афсона бо ӯ ҳол худ гуфтам

Гарони гаштам ба чашмаши ҳамчуи хоби оҳистаи оҳиста

Кабоби нозуки дили оташ ҳамвор ме хоҳад

Барафкан аз изори худ ниқоби оҳистаи оҳиста

Макун таъҷил то аз ишқ рангӣ барканд карт

Ки созад сангро лаъли офтоби оҳистаи оҳиста

Ҷудои заҳри худро андак андак мекунад зоҳир

Ки гардад талх дар минои гулоби оҳистаи оҳиста

Сароеро ки соҳиб нест вайронӣаст меъмораш

Дил беишқ мегардад хароби оҳистаи оҳиста

Ба нури сина бе кӣнаи душманро ҳўолт кун

Ки май резади каттонро моҳтоби оҳистаи оҳиста

Машав дилтанг агар як чанд ашкат беасар бошад

Ки созад хокро гулзор , оби оҳистаи оҳиста

Ба ин хурсандам аз нисёни рӯзафзӯни перӣ ҳо

Ки аз дил май баради ёди шабоби оҳистаи оҳиста

Хат аўриш шуд охир , киро май гашт дар хотир

Ки гардад ояи раҳмати азоби оҳистаи оҳиста ?

Дилӣ нагузошт дар ман ваъдаҳои пуч ӯ соиб

Шикасти ин киштӣ аз мавҷи сароби оҳистаи оҳиста

Набӯд аз Хизри камтар дар расоеи умри ман соиб

Гиреҳ шуд риштаам аз печу тоби оҳистаи оҳиста