Ба матлаб мерасад ҷӯёии коми оҳистаи оҳиста

з дарё мекашад сайёди доми оҳистаи оҳиста

Ба мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз машриқ

Гузорад ҳар ки чун хуршеди гоми оҳистаи оҳиста

Ба ҳамвории баландии ҷӯ ки теғи кӯҳро орад

Ба зери пой , Кебеки хўшхроми оҳистаи оҳиста

зи тадбири ҷунуни пухтаи кор ақл ме ояд

Ки маҷнӯни оҳӯонро кард роми оҳистаи оҳиста

Машав аз зердасти хеши эмин дар зибардастӣ

Ки хӯни шишаро нӯшед ҷоми оҳистаи оҳиста

Хаёли нозук охир мефурӯзад чеҳраи шӯҳрат

Ма нав мешавад моҳи тамоми оҳистаи оҳиста

Дилӣ аз оҳ мегуфтам шавад холӣ , надонистам

Ки печад бар саропоем чу доми оҳистаи оҳиста

Ба шикарханд азон лабҳои хуши дашноми қонеъи шӯ

Ки хоҳад талх гардид ин мудоми оҳистаи оҳиста

Агар чаҳ ришта аз бори гҳрпичон ва лоғар шуд

Кашид аз мағзи гавҳари интиқоми оҳистаи оҳиста

Агар номи баланд аз чархи хоҳӣ сабр кун соиб

зи пастӣ ме тавон рафтан ба боми оҳистаи оҳиста