На тбхолаҳаст бар гирди даҳони ёри афтода

Ки гавҳарҳо бурун аз махзани асрори афтода

Кадомин сарви болоро гузори афтода бар гулшан ?

Ки аз хамёзаи дасти шохи гул аз кори афтода

Ба чини орияти домони истиғнои нёлоид

зи баси шамшери абрӯии ту ҷавҳардори афтода

Нагирад пардаи ғифлат агар чашми азизон ро

Матоъи Юсуфӣ дар ҳар сари бозори афтода

Ба об рӯй худ дар миннатҳои умр май ларзам

Ба даст раъша дорам соғари саршори афтода

Мҷу дар сояи боли ҳумои амнияти хотир

Ки ин ганҷи гуҳар дар сояи девори афтода

Ки мегуяд самар дар пухтагӣ бар хок меуфтад ?

Сари Мансур аз хомӣ ба пои дори афтода

Фалак беҳуда мегардад тараф бо оҳи гарми ман

Сипар пучаст бо теғӣ ки лангардори афтода

Нашавед гирди хоби ғифлат аз чашми гронхўобм

зи баси сайлоби умри ман сбкрФтори афтода

Буд ғофили зи доми зери хоками чашми зоҳирбин

Вагарнаи риштаи тасбеҳ аз зуннори афтода

Занад бар санги сар аз ғайрати калаки гуҳарборам

Агар чаҳ тешаи Фарҳоди ширини кори афтода

Кадомин срўболоро худоё дар назар дорад

Ки меҳри олами ороро зи сари дастори афтода

Азон соиби сар аз пои хиҷолат барнаме дорам

Ки ризқам чун қалами гуфтор бе кирдори афтода