Шунидам оҳи гармӣ бо ту густохонаи саркарда

Ба ҷисми нозукати бемории чашмат асар карда

Гули рухсорат аз дилсӯзии таб оташин гашта

Мулоқоти лабати тбхолаҳро танг шукр карда

Хумори хӯни мазлӯмон ки беқайдона ме хӯрдӣ

Сар бемеҳрятро ошноӣ дардисар карда

Раги дасти туро каз ришта ҷонаст нозуктар

Табиб бе муруввати бӯсаи гоҳ нештар карда

Ба умедӣ ки бо набзи ту дастӣ ошно созад

Масеҳ аз хонаи хуршеди оҳанг сафар карда

Турои соиб агар пой иёдат ҳаст хуш бошад

Ки моро ин хабар аз ҳастӣ худ бехабар карда