Чигуна зон гули раънои ду чашм бурдорам ?
Ки ҳам баҳор нигоҳаст ва ҳам хазони нигоҳ
Каманди зулфаш азон ҳалқа ҳалқа гардӣда аст
Ки машқи ҳалқа рибоӣ кунад синони нигоҳ
Агар чаҳ хат ба лабаши роҳи гуфтугӯ баста аст
Ҳануз бар сар ҳарфаст тарҷумони нигоҳ
Ба гӯшмоли хати сабзи чашми бади мрсод !
Ки ҳасани шӯх туро кард қадрдони нигоҳ
Азон замон ки раҳи зулфи ёрро донист
Дигар мақом нафаҳмид корвони нигоҳ
з фикр шуд дили ман решаи реша чун маҷнӯн
Ки кард чашми марои ишқи роздони нигоҳ
Умед ҳаст ки ҳамсуҳбати ту гар донад
Ҳамон ки кард маро бо ту ҳамзабони нигоҳ
Миёни аҳли назари имтиёзи ман соиб
Ҳамин басаст ки фаҳмидаам забони нигоҳ
Кашида дори зи назорааш Аннани нигоҳ
Ки заҳр мечакад аз теғи ҷонстони нигоҳ
зи гармии нафасаши санг об ме гардад
Ба ҳар дилӣ ки занад барқ бе амони нигоҳ
Гарони рикобии сабру шикеб чандон аст
Ки чашми шӯхи ту аз каф диҳад Аннани нигоҳ