Арақ ба барги гулат май дӯд шитоб зада

Нигоҳи гарм ки ин нақшро бар об зада ?

Чаҳ хонаҳо ки расонад ба об , тӯфонаш

Рухӣ ки аз нигаҳ гарм шуд гулоб зада

зи хандааш ҷигари офтоб май сӯзад

Марои лабӣ ки намак бар дил кабоб зада

Магар ҳиҷоб шавад пардаи ту , варна ниқоб

зи оризи ту каттонӣаст моҳтоб зада

Назар ба он хати мишкӣн ки метавонад кард ?

Ки заҳр бар дами шамшер офтоб зада

зи доғи ман ҷигари санг об гардӣда

зи дарди ман камари кӯҳи печ ва тоб зада

Нишот рӯй замини фарши остон касе аст

Ки пушти пой бар ин олам хароб зада

Кушода рӯй ба девон офтоб равад

Чу субҳ ҳар ки нафас аз раҳ ҳисоб зада

Фиғон ки шабнами мағрур мо наме донад

Ки хайма дар гузари нур офтоб зада

Баёзи гардан ӯро зи нуқтаи резии хол

Тавон шинохт ки гаштааст интихоб зада

Куҷост фурсати дил баргирафтан аз олам ?

Чунин ки май рӯм аз хештан шитоб зада

Ту фикр хеш кун эй шайх , кори ман саҳл аст

Марои шаробу турои ботин шароб зада

Мабод сояи булбул кам аз чаман , комсол

Наҳашт барг гулӣ гардад офтоб зада

Забони даъвии хуршедро тавонад баст

зи уқдае ки бар он гӯша ниқоб зада

Талоши васл батон бо ҳаё макун соиб

Ки ҳаст аз дили худ рӯзӣ ҳиҷоб зада