зи баси лаби ту ба ибром медиҳад бӯса

Ба коми талхӣ дашном медиҳад бӯса

Чу ҷоми пушти лаби ёр то з хат шуд сабз

Ба ҳар лабӣ чу лаб ҷом медиҳад бӯса

Чигуна пои ту бӯсам , ки офтоби туро

Ба тарсу ларзи лаб бом медиҳад бӯса

Ба ҷой нақл диҳад бӯсаи шаби ҳарифон ро

Ба ман лабӣ ки ба пайғом медиҳад бӯса

Кабоби толеъ парвонаам ки шамъ ӯ ро

Ба ҷои нома ва пайғом медиҳад бӯса

Ҳавас ба оби расониди лаъли ёр ва ҳануз

Ҳиҷоби ишқ ба пайғом медиҳад бӯса ?

Лабаш ба бода кашӣ нест он қадри моил

Ба рағми ман ба лаб ҷом медиҳад бӯса

зи ҷабҳааш чу маи иди нур май борад

Лабӣ ки бар рух глФом медиҳад бӯса

Ба ҳар ки мерасад имрӯзи он лаб мегаван

Чу ҷоми бода ба ибром медиҳад бӯса

зи донаи тоири ваҳшӣ кӣ орамида шавад ?

Ба дили рамида чаҳ ором медиҳад бӯса ?

Лаби марои зи замини бӯси хеш манъ макун

Ки ъмрҳост саранҷом медиҳад бӯса

Ба тарҳи бӯса ба ағёр медиҳад соиб

Ба ман лабӣ ки ба пайғом медиҳад бӯса