Бурӣдаи наъли зи ишқ ки бар ҷигари лола ?

Ба сунбул ки сияҳ карда чашмтар лола ?

Кунад ба зоҳиду михўораҳи як равиши таъсир

Фитодааст чу оташ ба хушк ватар лола

Сабк ба боди фано чун шарор хоҳад рафт

Агар з кӯҳ занад даст бар камари лола

зи лутфи табъи баҳорони магар хабар дорад ?

Ки дӯди оҳ гиреҳ карда дар ҷигари лола

Шукуфа субҳ баҳораст ва лолааст шафақ

Пас аз шукуфа азон гашти ҷилвагар лола

зи зуҳди хушки асар дар ҷаҳон нахоҳад монад

Агар чунин шавад аз боғи шуълаи вари лола

Агар на аз рухи гулранги ёр мунфаил аст

Чаро з хок барояд фиканда сари лола ?

Ба вақти лола май лолаи ранг ҳоҷат нест

Ки ҳамчуи ҷом сабӯҳӣ кунад асари лола

зи дарду софӣ тиҳӣ нест ҷоми сӯхтагон

Ки нисфи хӯн буду нисфи машктар лола

зи хоки тира чаҳ меҷӯяд ва чаҳ гум кардааст ?

Ки барфурӯхт чароғӣ ба ҳар гузари лола

Саводи шаҳр ба хунин дилон кунад танагӣ

Ба кӯҳ ва дашт кунад ҷӯши бештари лола

Мадори дасти зи миноу ҷом дар фаслӣ

Ки шиша соз шавад ғунча , косагар лола

Ба ҳар ду дасти сари хеш тавба ме гирад

Чу тоҷи лаъл наад каҷ ба тарафи сари лола

Ба чашм ҳар ки чу маҷнӯни сўодхўон шуда аст

Сиёҳи хайма Лайлӣаст доғ ҳар лола

Ба доғи ишқи саромади тавон з ақрон шуд

Ки аз саросари глҳост то ҷаври лола

Агар чаҳ лола басӣ ҳаст навбаҳорон ро

зи чеҳра ту надорад бириштатар лола

Ба нақлу бодаи дарин мавсим эҳтиёҷӣ нест

Ки ҳам шароб буд ҳам кабобтар лола

Ба як пиёла нагардад каси ин чунин мадҳуш

Сиёҳ маст шуд аз бода дигар лола

Пас аз шукуфаи мадаи сайри лолаи зор аз даст

Ки ҳаст чун шафақи субҳ дар гузари лола

Ба барги лола на шабнам буд , ки дандон ро

зи рашк рӯй ту афшурда бар ҷигари лола

Чунон ки дар ҷигари лаъли об пинҳон аст

Ниҳон шудааст чунон теғи кӯҳ дар лола

Аҷаб ки тавбаи сангини мо камари бандад

Ки кӯҳро зада аз ҷӯш бар камари лола

Ба мушти хору хаси мо дил ки хоҳад сӯхт ?

Дар он риёз ки гардӣда паии сипари лола

зи нури орӣа мустағнӣанд сӯхтагон

Ба равшаноӣ худ мекунад сафари лола

Дурузаи муҳлати худ сарф мигсорӣ кард

Чаҳ ғофиласт ба ин умри мухтасари лола

Дилаш чу пой чароғаст азон сиёҳи мудом

Ки рӯзу шаб буд аз бода бе хабари лола

Тавон ба хӯни ҷигари гавҳар басират ёфт

Ки шуд з хӯрдани хунобаи дидаи вари лола

зи шарм , рӯй ту ҳар ҷо арақ фишон гардад

Шикастаи косаи дарюза Эйаст ҳар лола

Магари хаёли шабихуни тоза Эй дорад ?

Ки якка тоз бурун омадааст ҳар лола

Шукуфа чун сипаҳи рӯм рӯй гардонда аст

Шудааст то чу қизилбоши ҷилвагар лола

Биноз бар ҷигари доғдори худ соиб

Ки ҳеҷ боғ намедорад ӣнқадари лола