Аз ашки мости покии домони субҳгоҳ
Аз оҳи сарди мости раги ҷони субҳгоҳ
Дастии баланди соз ки умри дарози Хизр
Мадӣ буд зи дафтари эҳсони субҳгоҳ
Дар байзаи тӯтии дили зангори баста ро
Шикаршикан кунад шкрстони субҳгоҳ
Ҳар уқдае ки дар дил аз анҷум сипеҳр дошт
Шуд сар ба сари кушодаи зи дандони субҳгоҳ
Танагии зи дил , гирифтагӣ аз сина май барад
Пешонии кушодаи айвони субҳгоҳ
Аз шаб чу хӯни мурда ҷаҳон орамида буд
Пуршӯр ишқ шуд зи намакдони субҳгоҳ
Нонаш ҳамеша гарм буд ҳамчуи офтоб
Ҳаркас буд вазифа хур хон субҳгоҳ
Аз иштиёқи ҷилваи он офтоби рӯ
Қад мекашад чу сарв , хиёбони субҳгоҳ
Доим ба рӯй халқ дар файз боз нест
Ғофил машав зи чоки гиребони субҳгоҳ
Умри дуборае ки шавад тозаи ҷони азу
Омодааст дар лаби хандони субҳгоҳ
Бедор мекунад дил дар хоби рафта ро
Фарёди булбулони хуши алҳони субҳгоҳ
Чун гоҳўораҳи хушк чаҳ бар ҷои мондае ?
Тар кун лабӣ чу Тифли зи пистони субҳгоҳ
Мардон ба оҳи гарми мукаррар рабӯда анд
Гӯии саодат аз хами чавгони субҳгоҳ
Чун офтоб шуд шафақӣ чеҳраам зи рашк
Каз теғ кист захми намоёни субҳгоҳ
Аз ҷабҳаи кушода ба матлаб тавон расед
Соиби мадори дасти зи домони субҳгоҳ