Дар даври хат ба ҳарф расӣдан чаҳ фоида ?
Дар вақти азли шикваи шунидан чаҳ фоида ?
Хат нест душманӣ ки битобад зи теғ рӯй
Бар рӯй хеш теғ кашӣдан чаҳ фоида ?
Сари риштаи нигоҳ чу аз даст рафт , рафт
Дунболи сайди ҷуста давидан чаҳ фоида ?
Акнӯн ки шуъла зад зи ҷигари сӯзиши ниҳон
Чун шамъи дасти хеш гузидан чаҳ фоида ?
Абри тнк ниҳон накунад офтоб ро
Бар доғи ишқ парда кашӣдан чаҳ фоида ?
Пасту баланди пеши насими хазон яке аст
Чун ток бар дарахт давидан чаҳ фоида ?
Гул мекунад пиёлаи кашӣ аз баҳори ранг
Паймонаро наҳуфта кашӣдан чаҳ фоида ?
Чун тир май ҷаҳди зи камони гуфтугӯии ҳақ
Мансурро ба дор кашӣдан чаҳ фоида ?
Теғи замонаро ба ҷигари об раҳм нест
Хӯн хӯрдан ва ба хок тапидан чаҳ фоида ?
Соиб чу ёр бо дгарон бода ме кашад
Гардани з интизор кашӣдан чаҳ фоида ?