Кӣ бахти хуфта во кунад аз кори мо гиреҳ ?

Аз риштаи ҳеҷ кас накушояд ба пои гиреҳ

Аз нохуни ҳилоли тараб во наме шавад

Аҳдӣ ки бастааст ба абрӯии мо гиреҳ

Дар дили ҳазор матлабу ёроии ҳарф на

Сад уқда беш дораму даст аз қафои гиреҳ

Бо сахтгирӣ фалаки сифла чун кунем ?

Бо нохуни шикаста чаҳ созем бо гиреҳ ?

Нохун намонад дар сари ангушти шона ро

Дар зулфу кокули ту ҳамон ҷобаҷои гиреҳ

Аз абрӯии ту чин ба дами теғ такя зад

Аз кокулат фитод ба доми балои гиреҳ

То чанд соя бар сари ин нокасон кунад ?

эй кош мефитод ба боли ҳумои гиреҳ !