Бигушо зи боли ҳиммати олии макони гиреҳ

То кӣ шӯй чу байзаи дарин ошёни гиреҳ ?

Ҳар мушкилии зи сидқи талаб боз ме шавад

Монад кӣ аз ҳубоб бар оби равони гиреҳ ?

Санги нишон ба доман манзил расед ва мо

Дар роҳ гаштаем зи хоби гарони гиреҳ

Қатъи тариқи ишқ ба қадар таъаммул аст

Ҳар чанд мешавад з кашӣдан Аннани гиреҳ

Ҷӯши нишот аз дили хам кам наме шавад

Тӯфони дарин танур буд ҷовдони гиреҳ

Аз раҳбару далел буд сайл бе ниёз

Дар роҳ шавқ нест зи санги нишони гиреҳ

Сахтӣ намерасад ба қаноати расидагон

Дар луқма ҳумо нашавад устихони гиреҳ

Ин уқдаҳо ки дар дили мардум фитода аст

Чун во шавад , замини гиреҳу осмони гиреҳ

Фатҳи сухан ба панҷаи тадбир халқ нест

Нохун чигуна боз кунад аз забони гиреҳ ?

Натавон ба дасти уқдаи зи кор ҷаҳон гушӯд

Кӯи барқ то кушояди азин Нитсаатон гиреҳ ?

Боист уқда боз шавад аз дили ҷарас

Аз дил шудӣ гушӯда агар аз фиғони гиреҳ

Осон наме тавон гиреҳ аз мӯӣ боз кард

Чун во шавад марои зи дили нотавони гиреҳ ?

Дар гоми аввалин , камари роҳи бишиканад

Раҳрав кунад чу домани худ бар миёни гиреҳ

Соиб сиррӣ барор ки фурсати з даст рафт

То кӣ шӯй чу ғунчаи дарин гулистони гиреҳ ?