Дар дил чу ғунча чанд кунӣ рангу бӯи гиреҳ ?
Вокн ба нохун аз дили пурорзӯи гиреҳ
Ҷузи теғи обдори дарин рӯзгор нест
Обӣ ки ташнаро нашавад дар гулӯи гиреҳ
Вақтаст шқ чу нор шавад пӯст бар танам
Аз бас шудааст дар дили ман орзӯи гиреҳ
Беҳудаи шохи гули ҳамаи тан даст гашта аст
Натавон задан ба болу пари рангу бӯи гиреҳ
Бе абри домани садафаш пургуҳар шавад
Аз ғайрати он касе ки кунад обрӯи гиреҳ
Дар айни васли бохабар аз ҳасрат ман аст
Ҳар ташнаро ки об шавад дар гулӯи гиреҳ
Аз ҳиҷр ва васл нест гушоиши дили маро
Чун гавҳараст қисмати ман аз ду сӯи гиреҳ
Роҳи сулӯки тангтар аз чашм сӯзан аст
То кӣ занӣ ба риштаи ҷони зи орзӯи гиреҳ ?
Соиби ҳазор уқдаи дил боз ме шавад
Гар во шавад зи ҷабҳаи он тундхуи гиреҳ