Ҳар чанд ҳаст машриқи дидори оина
Бошад назар ба синаи ман тори оина
Ҷавҳар даҳаст хоби парешон ба дида аш
То дида рӯй нўхти дилдори оина
То аз арақ шудааст гуҳарбор рӯй ёр
Лаб боз кардааст садафи вори оина
Чун оби зери сабза хобида шуд ниҳон
Аз хиҷлати ту дар таҳи зангори оина
Аз нақш , сода чун дил бемуддао шуда аст
Дар аҳд ӯ зи ҳайрати саршори оина
Чун рӯй шрмнок кунад ҷилва дар назар
Аз бас тараст азон гули рухсори оина
Шавқам ба дилбар аз дили равшан зиёда шуд
Бошад сароби ташнаи дидори оина
Дарбастаи хона Эйаст ки қуфлаш з ҷавҳараст
Бо чеҳраи кушодаи дилдори оина
Чун номаи даридаи зи шарми изор ӯ
Дорад талоши рахнаи девори оина
Бар рӯй кор , бахяаш аз ҷавҳари аўФтод
То шуд тараф ба оризи дилдори оина
Дорад зи инфеъоли рухи тозаи хат ӯ
Дар перҳани зи ҷавҳари худ хори оина
То сафҳаи изори туро дидаам , шуда аст
Чун фарди ботилам ба нзрхўори оина
Аз чашми шӯр , амни зи бахт сияҳ шудам
Осӯда мешавад чу шавад тори оина
Натавон ба фикри роз фалак ёфтан ки ҳаст
Андешаи мӯр ва ин дару девори оина
Саҳрои сода Эйаст ки дар вай гиёҳ нест
Нисбат ба рӯй нўхти дилдори оина
Шоми гирифта Эйаст ки дил мекунад сиёҳ
Соиби назар ба оризи дилдори оина