То сарви турои роҳ ба гулзори фитода
Гул гашта ба таъзими ту аз шохи пиёда
Маи ҳалқаи абрӯии ту дар гӯш кашида
Сар бар хати мишкӣни ту хуршеди ниҳода
Дунболаи чашми ту гузаштааст зи абрӯ
Оҳӯии ту аз сояи худ пеши фитода
Дил низ сияҳ мешавад аз гӯшаи нишинӣ
Дар гавҳар агар сабз шавад оби ситода
Он ба ки ба гирди дил дарвеш кунад тўФ
Онро ки муяссар нашавад ҳаҷи пиёда
Ёбад зи аҷали чошнии қанди мукаррар
Дар зиндагии он кас ки бимирад ба ирода
Тақсир макун дар мадади халқ ки бошад
Болу пари тавфиқ , дилу дасти кушода
Аз хӯрдани хӯни золим хунхор шавад сайр
Андоза агар ҳифз тавон кард ба бода
Соиб нашуд аз тавбаи марои нафас ба фармон
Гӣрандагӣ саг нашавад кам ба қаллода