Аз ҳасани ту як рқъаҳ ба гулзори расида

Аз зулфи ту як нофа ба тотори расида

Зон даст ки ҳасани ту фишондааст ба гулзор

Домони пар аз гул ба хасу хори расида

Аз дидани гули маст ва харобанд ҷаҳонӣ

Ин ҷом ҳамоно ба лаби ёри расида

Кӯи дидаи ёқӯб ки бепарда бибинад

Сад қофила аз Миср ба якбораи расида

Шохи гул азон ҷилваи мастона ки дорад

Пайдост ки аз хонаи хумори расида

Зулмаст касе хурдаи ҷонро накунад харҷ

Имрӯз ки гул бар сари бозори расида

Домони насими саҳарии гиру равони шӯ

Каз ғайби расӯлии аи сет ба ин кори расида

Кошонааш аз нақш муродаст нигорин

Чашмӣ ки ба он оинаи рухсори расида

Дигар чаҳ хаёласт ки аз сина кунад ёд

Ҳар дил ки ба он турраи таррори расида

Аз кӯчаи он зулф ки солим бадар ояд ?

Конҷои сари хуршед ба девори расида

Аз шӯри қиёмат будаш марҳами кофур

Захмӣ ки маро бар дили аФгори расида

Аз шарми буруни ой ки таслими намоям

Ҷонӣ ки маро бар лаби изҳори расида

Соиб занад оташ ба ҷаҳон аз нафаси гарм

Ҳар не ки ба он лаъли шкрбори расида